6 Октябр 2026 - 12:44
Source: ABNA
Гутерриш бидуни ном бурдани Исроил: вазъи Ғазза тоқатнопазир аст

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бидуни ном бурдани режими сионистӣ ба вазъи тоқатнопазири сокинони Навори Ғазза вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории hfkh ба нақл аз АлҶазира, Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки бояд оташбаси доимӣ дар Ғазза байни режими сионистӣ ва Ҳамос ба амал омада, марҳилаи дуюми нақшаи сулҳ дар ин минтақа иҷро шавад.

Вай афзуд, ки вақт он расидааст, ки кӯмакҳои башардӯстона ба таври густурда ба Навори Ғазза ворид шаванд ва ба қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром гузошта шавад.

Гутерриш бидуни ном бурдани режими сионистӣ таъкид кард: Мо бояд раванди сиёсиро ба сӯи таҳаққуқи сулҳи доимӣ дар тамоми минтақа эҷод кунем. Амалҳои хусуматгаронаи вайронкунанда алайҳи Навори Ғазза барои фаластиниён ранҷҳои тавсифнопазир боқӣ гузошт.

Вай баён кард: Шумораи зиёди одамон ҷони худро аз даст доданд, овора шуданд ва харобиҳои густурда боқӣ монд. Ғайринизомиён ҳанӯз дар шароити тоқатнопазир қарор доранд.

Гутерриш инчунин ба оқибатҳои амалиёти Тӯфони Ақсо барои режими сионистӣ ва ҳалокати сионистҳо дар ҷараёни ин амалиёт ишора карда, ба шиддат аз он интиқод кард!

Your Comment

You are replying to: .
captcha